ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:10 | 28 октябр

Як тан тоҷикистонӣ пас аз анҷоми бозии футболбозони тоҷик ва олмонӣ мошини Мерседес бурд

Дата: 13:20, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон як бошандаи Варзоб пас аз анҷоми бозии футболи “Истиқлол”-и Душанбе ва “Шалке-04”-и Олмон дар варзишгоҳи пойтахт мошини худрави Mercedes-Benz бурд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи сойти расмии бошгоҳи футболи “Истиқлол”, дар поёни мусобиқаи дӯстонаи футболи ин ду бошгоҳ, бозии лотерея миёни мухлисони футбол баргузор шуд ва сокини Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев, корманди корхонаи симони Душанбе дар ин қуръакашӣ ҷоизаи аслӣ - мошини худрави Мерседес-Бенсро бурд.
Ба иттилоъи манбаъ, ҳамчунин Фотима Раҳимова, донишҷӯи соли дувуми донишгоҳи фановарии Тоҷикистон ва Валиҷон Миралиев, корманди бонки «Агроинвест» ҳар кадом телевизионҳои бузургҳаҷм – синамои хонагиро ба даст оварданд.  
Хотирнишон мекунем, ки бозии дӯстонаи ин ду бошгоҳ дар варзишгоҳи марказии пур аз мухлис, ки 22 ҳазор нафар гирдиҳам омада буданд, бо пирӯзии 5 бар 4 меҳмонони олмонӣ ба поён расид.

Поделиться новостью: