ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:51 | 28 октябр

ВУХ Тоҷикистон сабти номи хабарнигоронро барои бозтоби сафари раҳбари Озарбойҷон оғоз кард

Дата: 09:47, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Вазорати умури хориҷаи ҶТ эълом намуд, ки сабти номи хабарнигорон барои пӯшиши хабарии сафари расмии раисиҷумҳури Озарбойҷон дар Тоҷикистон аз 13 октябр оғоз шудааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи ВУХ ҶТ, сафари расмии Илҳом Алиев, раисиҷумҳури Озарбойҷон дар Тоҷикистон рӯзҳои 15-16 октябр анҷом хоҳад ёфт.
Ба иттилоъи манбаъ, намояндагони расонаҳои хабарии дохилӣ ва хориҷӣ дар ин маврид метавонанд ба идораи иттилоъот, расонаҳо, баррасӣ ва барномарезии сиёсатхориҷии ВУХ ҶТ (шумораи телефон 221-43-69, нишонии электронӣ: [email protected]) бо ироаи мушаххасоти хабарнигор ва расона, муроҷиъа кунанд.
Дархост аз намояндагони расонаҳои хабарӣ то соъати чаҳори баъд аз зуҳри 14 октябр пазируфта мешавад.

Поделиться новостью: