ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:22 | 10 декабр

Тоҷикистон содироти сангҳои қиматбаҳо ва фулӯзотро афзойиш ва воридоти онҳоро коҳиш медиҳад

Дата: 11:01, 09-10-2019.

Душанбе. 9 октябр. ТоҷикТА – Тоҷикистон аз оғози сол то ба ҳол содироти сангҳои қиматбаҳоро 6,4 дарсад афзоиш ва воридоти онҳоро 7,2 дарсад коҳиш дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба гузориши World Gold Council (Шӯрои ҷаҳонии тилло), Тоҷикистон дар нахустин семоҳаи сол 1 тонна тилло фурӯхт ва яке аз се кишвари пешгом дар ин замина буд.
Бар асоси додаҳои ин гузориш, дар ин муддат бонки марказии Ӯзбекистон 6,2 тонна, БМ Муғулистон 3,4 тонна ва БМ Тоҷикистон 1 тонна тилло фурӯхт.
Дар гузориш гуфта мешавад, ки Русия харидори аслии тилло дар ин давр буд. Дар се моҳи аввали сол Бонки Русия 55,3 тонна тилло харид ва ҳаҷми захираи тиллоро то 2168,3 ҳазор тонна афзойиш дод. Туркия дар ин муддат 40,1 тонна ва Чин 33 тонна тилло харид кард.
Бар асоси додаҳои оморӣ, Тоҷикистон соли гузашта ба арзиши беш аз 2 миллион сангҳои қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо содир кард, ки ин шумор дар муқойиса бо соли 2017 99 дарсад коҳишро нишон медиҳад.

Поделиться новостью: