ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:24 | 22 феврал

Тоҷикистон ва Ожонси мушорикати Миср дар Қоҳира масоили ҳамкориро баррасӣ карданд

Дата: 11:32, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар шаҳри Қоҳира намояндагони Тоҷикистон ва Ожонси мушорикати Миср масоили марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳоро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд, мегузорад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи сафорати Миср дар Тоҷикистон, “ахиран дар мулоқоти Хусрав Нозирӣ, сафири Тоҷикистон дар Миср ва Ҳазим Фаҳмӣ, дабири кулли Ожонси мушорикати Миср масоили ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Ожонс баррасӣ гардид”.
Хотирнишон мекунем, ки Ожонси мушорикати Миср (номи пешинаш – Бунёди ҳамкориҳои фаннии Миср бо кишварҳои ИДМ, кишварҳои исломӣ ва давлатҳои нави мустақилл – ТоҷикТА), тайи солҳои ҳамкории дуҷониба нақши муҳиммеро барои тавсеъаи равобити тоҷику мисрӣ доштааст. Тайи ин муддат Ожонси мушорикати Миср беш аз 170 курсҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат барои беш аз 1300 мутахассиси тоҷик дар соҳоти гуногунро роҳандозӣ кардааст.

Поделиться новостью: