ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 17:23 | 25 сентябр

Тоҷикистон ва Ирон масоили ҳамкориҳои энержиро баррасӣ карданд

Дата: 14:11, 02-09-2014.


Душанбе. 2 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Тоҷикистон ва Ирон масоили марбут ба ҳамкориҳои энержиро баррасӣ карданд,гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Ба иттилоъи вазорати рушди иқтисоди Тоҷикистон, “ахиран дар Душанбе дар мулоқоти Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати ҶТ ва Ҳамид Читчиён, ҳамтои иронии вай масоили тавсеъаи ҳамкориҳои иқтисодии миёни ду кишвар дар арсаҳои энержӣ ва зерсохторҳои таробарӣ, аз ҷумла иҷрои тарҳҳои эҳдоси нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Сангтӯда-2 ва анҷоми сохтусози нақби Истиқлолро мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт”.  
Ба иттилоъи манбаъ, масъалаи тавсеъаи ҳамкории ду кишвар дар арсаи энержӣ ва ҷалби сармоягузорони Ирон барои иҷрои тарҳҳои нерӯгоҳҳои миёна ва хурди барқи обӣ дар маҷрои рӯдхонаҳои Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии ин дидору гуфтугӯ буд.
Ба иттилоъи вазорати нерӯ ва захоири оби ҶТ, дар ниммоҳаи аввали сентябри соли ҷорӣ нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 пурра барои баҳрабардорӣ супурда мешавад.  

Поделиться новостью: