ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 18:55 | 25 сентябр

Тоҷикистон ва Ирон масоили ҳамкориҳо дар арсаи кишоварзиро баррасӣ карданд

Дата: 13:26, 29-08-2014.


Душанбе. 29 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Тоҷикистон ва Ирон масоили марбут ба ҳамкориҳо дар бахши кишоварзиро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи дафтари матбуъоти вазорати кишоварзии Тоҷикистон, “ахиран дар Душанбе мулоқоти Давлаталӣ Ҳотамов, муъовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ва Алиакбар Фарозӣ, муъовини раиси утоқи тиҷорати кишоварзии Ирон ва ҳайати вай баргузор шуд. Ҷонибҳо масоили ҷорӣ ва чашмандози тавсеъаи равобити тиҷоратӣ, аз ҷумла дар арсаи кишоварзии миёни Тоҷикистон ва Иронро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд”.
Дар ин мулоқот масоили таъмини бахши кишоварзии Тоҷикистон бо мошинолоти ҷадид ва фановариҳо, донаву тухм ва ниҳолу ҷавонаҳои гуногун ба миён гузошта шуд.
Ба иттилоъи манбаъ, масъулони тоҷику иронӣ масоили ҳамкорӣ дар бахши сармоягузориҳои муштарак ва имконоти иҷоди ширкатҳои муштаракро низ матраҳ карданд.
Хотирнишон мекунем, ки рӯзи 26 август дар шаҳри Душанбе анҷумани тиҷоратӣ бо ширкати бозаргонони Тоҷикистон ва Ирон баргузор гардид.  

Поделиться новостью: