ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:53 | 28 октябр

Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъияти навоҳии наздимарзиро баррасӣ карданд

Дата: 11:16, 18-07-2014.

Душанбе.18 июл. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Тоҷикистон ва Қирғизистон вазъияти навоҳии наздимарзиро баррасӣ  карданд, иттилоъ медиҳад   Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА).
“17 июл дар шаҳри Бишкек Алмосбек Атамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт. Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо авзоъро дар навоҳии наздимарзӣ мавриди баррасӣ қарор доданд”, иттилоъ доданд ба хабаргузорӣ дар хадамоти матбуоти раиси ҷумҳури Қирғизистон.
Алмосбек Атамбоев аҳамияти иҷрои тавофуқеро, ки байни ду кишвар ба даст омадааст, таъкид кард.. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ба хадамоти дахлдори ду кишвар зарур аст, баҳри ҳалли масоили мавҷуда байни Қирғизистону Тоҷикистон бо роҳи мутавозин ва созанда ҳамкориро тақвият бахшанд.
Ба иттилоъи манбаъ, ҳамчунин дар Бишкек дар чаҳорчӯби сафари расмӣ  мулоқоти вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизистониаш Эрлан Абдилдаев баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масоили муҳими  тамоми бахшҳои  муносиботи дуҷонибаи Қирғизистону Тоҷикистон баррасӣ  шуд.
Дар мулоқот ба вазъи бамиёномада дар навоҳии наздимарзии ду кишвар таваҷҷӯҳи ҷиддӣ дода шуда, ҳамчунин масоили марбут ба сохтмони пулу  роҳҳои мошингард арзёбӣ гардид.  
Бар пояи натоиҷи музокирот раҳбарони идораи сиёсати хориҷии ҳарду кишвар ибрози боварӣ карданд, ки сафари имрӯза ба тавсиаи ҳамкориҳои судманди байни Тоҷикистону Қирғизистон такони наве хоҳад бахшид.
Ёдовар мешавем, ки 11 январи соли равон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон байни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ шуда буд, ки дар он чанд тан аз марзбонони ҳарду ҷониб ҷароҳат бардошта буданд.
Пас аз ин воқеаи ногувор ҷонибҳо якдигарро айбдор намуданд ва ҳамзамон раванди музокирот дар масоили наздимарзӣ ба гунаи фаъол пеш бурда шуд.  
Музокирот дар сатҳи муовинҳои сарвазири Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Душанбе ва Бишкек доир гардид.
Моҳи майи соли равон дар марзи  ин ду кишвар боз як ҳодисаи ногувор ба амал омад, вале ҷонибҳо тавонистанд ба  гунаи фаврӣ авзоъро зери назорат бигиранд  ва музокиротро идома диҳанд.


Поделиться новостью: