ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:00 | 28 октябр

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек барномаи ҳамкориро, ки ба он ҳамкорӣ дар масоили марзӣ низ шомил аст, ба имзо расонданд.

Дата: 16:20, 18-07-2014.

Душанбе.18 июл. ТоҷикТА – Нигинаи Азизмурод. Вазирони корҳои хориҷаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Бишкек барномаи ҳамкориро барои соли 2014 дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла дар  масъалаи марз, ки  ҷавобгӯи  дурнамои манофеи ҳарду кишвар аст, ба имзо расонданд, хабар медиҳад  Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) рӯзи ҷумъа.
“Бар пояи натоиҷи музокироти Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизистониаш Эрлан Абдилдаев дар Бишкек барномаи ҳамкории дуҷониба барои соли 2014 ба имзо расид, ки тибқи он гузаронидани машваратҳо дар мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои мутақобилаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмиллалӣ дар назар аст”,
- хабар медиҳад Вазорати хориҷаи Тоҷикистон.
Дар чаҳорчӯби сафари  расмӣ  вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистонро Алмосбек Атамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо бо зикри  рушди мусбати муносиботи ду кишвари ҳамсоя таъкид карданд, ки тавсиаи ин ҳамкориҳо  ҷавобгӯи  дурнамои манофеи ҳарду кишвар аст.
“Онҳо дар ин маврид ҳамнаво буданд, ки ҳалли масоили баҳсноки марзӣ набояд  ба риштаҳои дӯстии ду мардум, ки решаҳои бостонӣ  доранд, таъсири манфӣ расонад”, – омадааст дар гузориш.
Баъдан мулоқоти Сироҷиддин Аслов бо  Ҷомарт Оторбоев, сарвазири Қирғизистон доир шуд, ки дар он тарафҳо масоили вусъатдиҳии робитаҳои тиҷоративу иқтисодии дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд. Онҳо дар мавриди  кам шудани ҳаҷми гардиши мол изҳори нигаронӣ карда, таъкид варзиданд, ки аз  имконияти зиёде  баҳри ҳамкории мутақобила, ба таври самарабахшу кофӣ истифода намешавад.
Ҷонибҳо аҳамияти муҳими иҷрои нақшаҳои якҷояро дар соҳаҳои нақлиёт, энержӣ, тиҷорати  наздимарзӣ ва дигар бахшҳо таъкид карданд.
Дар чаҳорчӯби сафар Сироҷиддин Аслов  ҳамчунин  бо вазири корҳои хориҷаи Қирғизистон дар ҳайати намояндагии маҳдуд ва васеъ мулоқот гузаронд..
“Ҷонибҳо ҳама паҳлӯҳои  масоил ва ҳамкориҳои  дуҷонибаву бисёрҷонибаро  дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ  баррасӣ карданд. Онҳо иброз доштанд, ки фаъолияти комиссиюни дуҷонибаи байниҳукуматӣ ҷиҳати ҳамкорӣ ва таъну аломатгузории марз беҳтар аз пештар гардад ва таъкид бар он доштанд, ки фаъолияти минбаъдаи онон бар пояи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек идома ёбад. Вазирон дар мавриди  ҳодисаҳои баамаломада дар  марзи ду кишвар изҳори таассуф карда, таъкид карданд, ки он муштаракан бозрасӣ гардад.Ҳамчунин онҳо роҳҳо ва тадобири минбаъдаи ҷилавгирӣ аз чунин ҳодисаҳоро баррасӣ карданд.Ҷониби Тоҷикистон чанд  иқдоми  мушаххас баҳри ба эътидол овардани авзои муташанниҷ, ҳалли осоиштаи мушкилоти мавҷуда ва таҳкими боварӣ ва эътимоди тарафайн дар минтақаи марзиро  пешниҳод кард”, - зикр карданд дар Вазорати корҳои хориҷа.
Вазирони корҳои хориҷаи ду кишвар масоили барномаи кории  иҷлосияи навбатии шӯрои вазирони корҳои хориҷии созмони ҳамкории Шанхайро, ки баргузории он охири моҳи июл дар Душанбе дар назар аст, мавриди арзёбӣ қарор доданд. Онҳо ҳавасмандии ҳар ду ҷонибро дар омодасозии лоиҳаҳои созишномаҳо баҳри кори ҷаласаи навбатӣ  баён карданд.
Аслов дар Бишкек бо кормандони сафорати Тоҷикистон машварат гузаронд ва ба онҳо дастур дод, ки  барои таҳкими робитаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо кишваре, ки дар он фаъолият мекунанд, талош варзанд.
Ёдовар мешавем, дирӯз Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ  ба Бишкек парвоз карда буд.


Поделиться новостью: