ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:12 | 28 октябр

Тоҷикистон дар нишасти таҳияи қонуни мудели “Дар бораи абадӣ гардондани ёдбуди мудофиъёни Ватан” ширкат мекунад

Дата: 15:10, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Тоҷикистон дар таҳияи қонуни мудели “Дар бораи абадӣ гардондани ёдбуди мудофиъёни Ватан” ширкат мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи порлумони ҶТ, нишасти гурӯҳи корӣ дар заминаи таҳияи қонуни мудели “Дар бораи абадӣ гардондани ёдбуди мудофиъёни Ватан”, 15-16 октябр дар кохи Таврическийи Сан-Петербург – мақарри маҷмаъи байнипорлумонии давлатҳои уъзви кишварҳои мустақили ҳамсуд (КМҲ) баргузор мешавад. Дар ин нишаст Давлаталӣ Давлатзода аз порлумони тоҷик намояндагӣ мекунад.
Дар нишасти гурӯҳи корӣ вакилони порлумон – аъзои маҷмаъи байнипорлумонии КМҲ, коршиносон ва намояндагони ниҳодҳои зирабти давлатҳои уъзви КМҲ ширкат мекунанд.  
Дар нишаст ҳар асли тарҳи фавқ мавриди баррасии аъзои гурӯҳ қарор мегирад.

Поделиться новостью: