Тими миллии футболи Тоҷикистон озими Алмаато шуд

Дата: 18:18, 11-08-2014.


Душанбе. 11 август. ТоҷикТА. --Татяна Болшакова. Тими миллии футболи Тоҷикистон барои баргузории бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби футболи Қазоқистон ба шаҳри Алмаато парвоз кард, хабар медиҳад Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон Муҳсин Муҳаммадиев дар ҳайати дастаи худ  2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4  ҳуҷумкунандаро ҳамроҳи худ барои рақобат бо дастаи футболбозони Қазоқистон бурдааст. Ҷаҳонгир Эргашев, ҳамлавари  дастаи “Истиқлол”- и пойтахт ба сабаби баргузории тӯйи аърӯсӣ дар ин ҳафта, натавонист дар ҳайати даста ба шаҳри Алмаатои Қазоқистон биравад.
Бозии дӯстона байни тимҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон фардо, 12 август соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (18:30 ба вақти Душанбе) дар варзишгоҳи марказии шаҳри Алмаато баргузор мешавад. Ин бозиро  гурӯҳи доварони қирғизистонӣ таҳти раҳбарии довари 38 -солаи ФИФА Дмитрий Машентсев арзёбӣ мекунад. Ба ӯ дар доварӣ ёварон Сергей Гришенкои 33- сола ва Баҳодур Қӯчқорови 44- сола, ки дар ҳайати дастаи довари ӯзбакистонӣ Равшан Ирматов дар Ҷоми ҷаҳонии имсола дар Бразилия ширкат карда буд, ёрӣ мерасонанд. Рисбек Шакарбеков ба ҳайси довари иловагӣ ё эҳтиётӣ  таъйин гардидааст.
Ёдовар мешавем, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Қазоқистон қабл аз ин се маротиба бо ҳам рақобат кардаанд. Футболбозони қазоқистонӣ ду дафъа бар тоҷикистониён ғолиб омадаанд ва як бозии дигар баробар  ба анҷом расидааст.

Поделиться новостью: