ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:43 | 28 октябр

Тарҳҳои иҷроии бунёди рушди Оғохон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

Дата: 10:52, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Акбар Алӣ Песнанӣ, намояндаи бунёди рушди Оғохон дар Тоҷикистон дар мулоқоти раҳбари муассисаи сиёсатхориҷии ҶТ масоили ҳамкории тарафайнро баррасӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Ахиран дар Душанбе дидору гуфтугӯи Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ва Акбар Алӣ Песнанӣ, намояндаи доимии бунёди рушди Оғохон дар кишвар ба аъмал омад.
Дар ин дидор масоили ҳамкории Тоҷикистон ва бунёди рушди Оғохон мавриди ройзанӣ қарор гирифт.
Тарафайн ба вижа, дар мавриди тарҳҳое, ки ин бунёд дар Тоҷикистон иҷро мекунад, табодули назар намуданд.

Поделиться новостью: