ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:05 | 28 октябр

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба вилояти Амури Русия даъват шуданд

Дата: 12:02, 14-10-2014.

Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба вилояти Амури Русия даъват шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Ширкати бастаи саҳҳомии шаҳри Благовешенски вилояти Амур изҳори омодагӣ кард, ки дар соли 2015 зимни даъвати кормандон аз Тоҷикистон шумори кормандони тоҷикро ба 60 нафари дигар афзоиш диҳад.
Бино бар иттилоъи Иброҳим Аҳмадов, сухангӯи намояндагии вазорати кор, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, дар ин бора Федор Ходжиогло, раиси кулли ширкати сохтумонии Русия дар мулоқот бо кормандони ин намояндагии муҳоҷирати ҶТ дар ФР, изҳор кард.
Ба иттилоъи манбаъ, муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар ин корхона аз соли 2013 кор мекунанд.
Ходжиогло гуфтааст, ки ширкати ӯ кормандонро бо маҳалли зист ва хӯроки гарми седафъаӣ таъмин намуда, бо таҳияи асноди лозим фаъолияти онҳоро дар Русия қонунӣ мекунад.

Поделиться новостью: