ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:09 | 30 сентябр

Сарвари Тоҷикистон ба оғози сохтусози як идда сохтмонҳо дар шаҳри Ваҳдат дастур дод

Дата: 13:29, 28-08-2014.


Душанбе. 28 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Сарвари Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат ба оғози сохтусози як идда сохтмонҳо дастур дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Ба иттилоъи дафтари матбуъоти раисиҷумҳур, “субҳи имрӯз раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи ошноӣ бо раванди ободонӣ ва умури имронии шаҳр ва дидор бо мардуми маҳаллӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар кард. Ӯ аз ҷумла дар маросими оғози сохтусози теъдоде аз сохтмонҳо дар ин шаҳр ширкат кард”.  
Қарор аст, дар ин шаҳр варзишгоҳи марказӣ, боғи фарҳангу фароғат ва дабиристон (мактаби миёна) барои 1 ҳазору 240 донишомӯз бунёд гардад.
Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат дар майдони 3,5 ҳектор ба маблағи 50 миллион сомонӣ (баробар бо 10 миллион доллар) сохта хоҳад шуд.
Раисиҷумҳур ҳамчунин аз маҳалле дидан кард, ки дар оянда дар майдони 37 ҳектор 22 бинои бисёрошёнаи маскунӣ, меҳмонсаро, кӯдакистон ва дигар сохтмонҳо бунёд хоҳад шуд.
Мувофиқи нақша, имрӯз раисиҷумҳури ҶТ дар маросими ба истифода супурдани дабиристон барои 1 ҳазору 280 донишомӯз дар ду баст ва ифтитоҳи дармонгоҳи хусусӣ ширкат мекунад.
Сарвари давлат аз раванди умури кишоварзӣ дар Ваҳдат боздид хоҳад кард.

Поделиться новостью: