ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:02 | 22 феврал

Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон ба мақомоти Ирон эътиборномаашро таҳвил кард

Дата: 16:45, 03-09-2014.


Душанбе. 3 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод.  Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон эътиборномаи худро ба мақомоти Ҷумҳурии Исломии Ирон таҳвил кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Ба гузориши  вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон,  Неъматуллоҳ Эмомзода  11 август ба асоси як фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ба мақоми сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Ирон интисоб шуд. Эмомзода ахиран дар Теҳрон ба раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ эътиборномаи худро таҳвил дод.    
Бар пояи ин гузориш, дипломати тоҷик дар мулоқот бо раисиҷумҳури Ирон беҳтарин таманнои раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба ӯ тақдим кард.
Ҳасан Рӯҳонӣ дар ин дидор гуфт, ки барои тавсеъаи равобити миёни ду кишвар тавоноиҳои зиёде, аз ҷумла дар арсаи ҳамкориҳо дар гардишгарӣ ва табодули донишҷӯён,  вуҷуд дорад.
Доктор Рӯҳонӣ таъкид кард, ки Тоҷикистон муҳимтарин шарики Ирон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Сафири Тоҷикистон ибрози назар кард, ки ҳузури раисиҷумҳури Ирон дар иҷлоси сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар шаҳри Душанбе ва сафари расмии вай ба Тоҷикистон барои рушду тавсеъаи равобити ҳар ду кишвар ҳоизи аҳаммият аст.

Поделиться новостью: