ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 7:21 | 20 феврал

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар дараи Ромит аз муассисаи гулмоҳипарварӣ дидан кард

Дата: 18:38, 28-08-2014.


Душанбе. 28 август. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар дараи Ромит аз хоҷагии парвариши гулмоҳӣ боздид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Ба иттилоъи дафтари матбуъоти раисиҷумҳури кишвар, “роҳбари давлат зимни ошноӣ бо фаъолияти ин хоҷагии моҳипарварӣ ба масъулони зирабт дастурҳои мушаххас дод, то ин соҳаи судоварро тавсеъа диҳанд”.
Гуфта шуд, ки дар толобҳои маснӯъии ин муассисаи моҳипарварӣ беш аз 15 ҳазор гулмоҳӣ ва беш аз 50 ҳазор тухмаки гулмоҳӣ парвариш мешавад.
Дар ин хоҷагӣ 6 навъи гулмоҳӣ, ки 2 навъи онҳо танҳо дар рӯдхонаҳои кӯҳистони ин дара вуҷуд дорад, парвариш мешавад.
Тазаакур мекунем, гулмоҳии рангинкамон навъи пурарзиши ин моҳист.
Аз оғози соли 2014 бад ин сӯ дар муассисаи гулмоҳипарварии дараи Ромит беш аз 3 тонна гулмоҳӣ тавлид гардид ва ҳамчунин, 15 тоннаи ин навъи моҳӣ барои фурӯш омода аст.
Нархи як килограм гулмоҳии то 5 килограмаи ин хоҷагӣ 50 сомонӣ (10 доллар) аст.

Поделиться новостью: