ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:31 | 22 феврал

Раиси Чин дар ояндаи наздик ба Тоҷикистон меояд

Дата: 15:25, 02-09-2014.


Душанбе. 2 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Аввалин сафари расмии Си Ҷин Пин, раиси ҶМЧ ба Тоҷикистон дар рӯзҳои наздики моҳи ҷорӣ ба амал хоҳад омад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Дар ин бора имрӯз дар Душанбе Фан Сянҷун, сафири Чин дар ҶТ имрӯз дар як нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, сафари Си Ҷин Пин дар давраи мусоъиди ҳамкориҳои ду кишвар – сентябри соли ҷорӣ, дар марҳилае, ки равобити ҳар ду кишвар то сатҳи стратегӣ иртиқо ёфтааст, анҷом шуда, аҳаммияти таърихӣ касб мекунад.
Қарор аст, дар чорчӯби сафар раиси Чин бо мақомоти Тоҷикистон мулоқот карда, дар арсаи сармоягузорӣ ва иқтисод тавофуқномаҳо ба имзо расонад.
Сафири Чин дар Душанбе таъкид кард, ки ба зудӣ иҷрои тарҳи бахши чаҳоруми лӯлаи гози Чин – Осиёи Марказӣ оғоз мешавад, ки бузургтарин тарҳи Чин дар Тоҷикистон аст.
Дипломати чинӣ афзуд, ки дар ояндаи наздик дар Тоҷикистон барои омода намудани кадрҳо дар арсаҳои гуногун, маркази Конфусӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад.

Поделиться новостью: