ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:22 | 17 январ

Раҳмон ба Рӯҳонӣ ба хотири суқути ҳавопаймои мусофирбарии Ирон изҳори тасаллият кард

Дата: 18:30, 11-08-2014.


Душанбе. 11 август. ТоҷикТА. --Татяна Болшакова. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисиҷумҳури Ҷумҳурии Исломии  Ирон доктор Ҳасани Рӯҳонӣ дар робита ба суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ дар наздикии фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон барқияи тасаллият ирсол намуд,  хабар медиҳад Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) рӯзи душанбе.
“Дар барқия Эмомалӣ Раҳмон аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон ва шахсан аз номи худаш ба мардуми дӯст ва бародари Ирон дар робита бо фоҷиаи рухдода изҳори таъзия ва тасаллият намуда, хоҳиш кард, ки эҳсоси ҳамдардии моро ба наздикони фавтидагон бирасонанд ”,-  иттилоъ медихад дафтари матбуъотии раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, бино ба гуфтаи вазири нақлиёти Ирон Аҳмад Маҷидӣ, дар натиҷаи суқути ҳавопаймои мусофирбарӣ дар наздикии фурудгоҳи Меҳрободи шаҳри Теҳрон 39 нафар ҳалок ва 9 тан осеб диданд.
Рӯзномаи арабии “Ал-Ҳаёт”, бо истинод ба суханони вазир хабар дод, ҳавопаймои модели Ан -140 -- “Ирон-140”,  мутааллиқ ба яке аз ширкатҳои ҳавопаймоии маҳаллӣ аз Теҳрон ба шаҳри Табас, воқеъ дар қисмати шарқии Ирон парвоз дошт. Дар дохили ҳавопаймо 40 мусофир ва 8 узви ҳайати идоракунӣ буданд. Ҳавопаймо пас аз оғози парвоз субҳи якшанбе дар масофаи 5 километрии фурудгоҳи байналмиллалии воқеъ дар қисми ғарбии пойтахти Ирон ба сонеҳа дучор шуда, дар наздикии хатти мошингард ба замин сарозер шуд. Бино ба гуфтаи шоҳидони фоҷиа, ҳангоми парвоз муҳаррики он оташ гирифт ва  самти ҳаракати ҳавопаймо  тағйир ёфта, то ба замин афтодан он пора-пора гардид.
Ҳамчунин, чанде пеш Алӣ Ризо Ҷаҳонгириён, ёвари вазири нақлиёти Эрон ба хабаргузории иттилоъотии Форс хабар дод, ки дар садама чанд нафар амон монданд ва бо ҷароҳатҳои вахиму вазнин ба бемористон фиристода шуданд. Ҳамчунин ӯ изҳор дошт, ки тибқи арзёбии  пешакӣ, ба суқути ҳавопаймо нуқси фаннӣ дар муҳаррики он сабаб шудааст.

Поделиться новостью: