ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 17:29 | 25 сентябр

Нерӯҳои қудратии тоҷик дар рӯзҳои иҷлоси сарони СҲШ ҳифозати назму қонунро тақвият медиҳанд

Дата: 12:14, 03-09-2014.


Душанбе. 3 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Ба нерӯҳои қудратии тоҷик дастур дода шудааст, ки дар рӯзҳои баргузории иҷлоси сарони СҲШ дар Душанбе, барои таъмини беҳтари тартиботи ҷамъиятӣ тадобири бештаре иттихоз кунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чаҳоршанбе.
Ба иттилоъи маркази матбуъотии ВУД ҶТ, “Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохила зимни мулоқот бо сардорони воҳидҳои ин муассиса дастур дод, ки дар рӯзҳои ҷашни истиқлоли кишвар ва баргузории иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) беш аз пеш мувозиби ҳифзи муқаррарот ва тартибот бошанд”.
Тақвияти ҳифозати назму қонун дар рӯзҳои ҷашн ва иҷлоси сарон аз сӯи кормандони умури дохила бо ҳамкории посбонони довталаб ва кормандони озоди ВУД сурат мегирад.
Ба иттилоъи манбаъ, дар мулоқот ҳамчунин, масоили ташдиди мубориза бо қочоқи маводди мухаддир, рӯспигарӣ, одамфурӯшӣ, боз кардани фоҳишахонаву бангихонаҳо ва қонуншиканиҳои маъмурӣ баррасӣ гардид.  

Поделиться новостью: