ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:52 | 22 феврал

Нерӯи дарёии артиши Ирон ҳамалоти роҳзанони дарёӣ ба нафткаши ирониро дафъ кард

Дата: 12:36, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА – Новгурӯҳи сиву якуми нерӯи дарёии артиши (НДА) Ҷумҳурии Исломии Ирон боз як ҳамалоти паёпай ва созмонёфтаи беш аз дувоздаҳ фарванд қоиқи роҳзанону дуздони дарёӣ ба як фарванд нафткаши ирониро дар обҳои озод дафъу бартараф кард,  гузориш медиҳад ИрТАГ – Хабаргузории телегрофи Ирон.
Бино бар ин гузориш, роҳзанони дарёӣ аз бомдоди дирӯз 4 сентябр бо беш аз 12 фарванди қоиқ  дар фосилазамони мухталиф дар муддати беш аз 8 соъат ҳамалоти густурдаеро ба як фарванд нафткаши иронӣ анҷом доданд. Вале дар тамоми мароҳили ҳамалот, новгурӯҳи сиву якуми нерӯи дарёии артиш, тимҳои таковарони худро ба мавқеъ ва фаврӣ эъзом намуд ва роҳзанони дарёиро мутаворӣ кард.
Ин ҳамалот дар маҳдудаи халиҷи Аъдан ва тангаи Бобулмандаб рух дод.
Дар хабарномаи нерӯи дарёии артиши Ирон омадааст, ки тайи ҳафтаи охир, новгурӯҳи сиву якум дар халиҷи Аъдан дастикам 4 ҳамлаи роҳзанони дарёӣ ба киштиҳои ҷумҳурии исломиро дафъ кардааст.
Хотирнишон мекунем, ки солҳои охир ҳузури НДА Ирон дар обҳои озод, ба вижа дар минтақаи хатарноки халиҷи Аъдан  хеле чашмгир аст. Новгурӯҳи сиву якуми НДА ҶИИ аз соли 2008 бад ин сӯ ба ҳадафи таъмини амнияти киштиву нафткашҳои иронӣ дар обҳои халиҷи Аъдан гашт мезанад.      
Маълум аст, ки халиҷи Аъдан уқёнуси Ҳинд ва коноли Суес ва дарёи Медитаронаро ба ҳам мепайвандад ва биноан, ин минтақаи обӣ масири уъбури  ҳазорон киштии оъзими Осиё, Урупо, Омрикои Шимолӣ ва Ҷанубист.  

Поделиться новостью: