ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 18:57 | 25 сентябр

Муштзан Мавзуна Чориева парчамбардори Тоҷикистон дар мусобиқоти XVII Осиё дар Корея аст

Дата: 14:34, 03-09-2014.


Душанбе. 3 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Муштзани тоҷик Мавзуна Чориева дар мусобиқоти XVII Осиё парчамбардори Тоҷикистон хоҳад буд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Ба иттилоъи кумитаи миллии олимпики (КМО) Тоҷикистон, “дар маросими ифтитоҳи мусобиқоти осиёӣ парчами Тоҷикистон дар дасти Мавзуна Чориева, муштзани номдори тоҷик, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон-2012 хоҳад буд”.
Ба иттилоъи манбаъ, ахиран дар Душанбе маросими гусели тими тоҷик ба мусобиқоти XVII Осиё, ки дар шаҳри Инчони Ҷумҳурии Корея баргузор мешавад, ба амал омад.
Хотирнишон мекунем, ки дар бозиҳои  XVII Осиё, ки аз 19 сентябр то 4 октябр идома хоҳад дошт, дар 18 навъи варзиш беш аз 100 варзишгари тоҷик ширкат мекунанд.
Варзишкорони пуровозаи тоҷик, монанди қаҳрамони дукаратаи мусобиқоти Осиё оид ба партоби чакуш Дилшод Назаров ва дорандаи медали биринҷии бокс дар мусобиқоти ҷаҳонӣ Анвар Юнусов бо намояндагӣ аз ҷамъи варзишгарон ба пояи муҷассамаи бунёнгузори давлатдории тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд.
Бояд гуфт, ки тими мунтахаби Тоҷикистон шашумин бор аст, ки дар мусобиқоти Осиё ширкат мекунад.
Дар бозиҳои қаблӣ варзишгарони тоҷик ҳамагӣ 16 медал, 3 тилло, 2 нуқра ва 11 бронз ба даст овардаанд. Ду медали тиллоро варзишкори маъруф партобгари чакуш Дилшод Назаров ва як медали тиллоро муштзани номдор Ҷаҳон Қурбонов дарёфт кардаанд.  
Ба ақидаи коршиносон, дар мусобиқоти XVII Осиё аз варзишгарони тоҷик дастовардҳои бузургро метавон интизор дошт.
Варзишкорони тоҷик соли 2010 дар мусобиқоти  XVI  Осиё дар шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии мардумии Чин 4 медал, 1 тилло ва 3 бронз ба даст оварданд.

Поделиться новостью: