ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:03 | 20 октябр

Муассисаи зиддимухаддаротии Тоҷикистон барои марзбонон семинар баргузор кард

Дата: 16:50, 02-09-2014.


Душанбе. 2 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Ожонси мубориза бо маводди мухаддири (ОММ) Тоҷикистон барои марзбонони тоҷик семинар баргузор кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Ба иттилоъи маркази равобити иҷтимоъии муассисаи зиддимухаддаротии кишвар, “кормандони ожонси мубориза бо маводди мухаддари Тоҷикистон барои муъовинони умури тарбияи фармондеҳии қисмҳои низомии саридораи нерӯҳои марзбонии КДАМ ҶТ семинар доир карданд”.
Ба иттилоъи манбаъ, семинар дар чаҳорчӯби машғулотҳои омӯзишиву равишӣ доир гардид.
Барои ширкаткунандагони семинар дар мавриди вазъияти марбут ба маводди мухаддир дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, масирҳои аслии қочоқи мухаддарот, навъҳои нави ин маводд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикстон қочоқ мешавад, иттилоъоти муҳимм дода шуд.
Гуфта шуд, ки марзбонони тоҷик дар хутути пеши мубориза бо маводди мухаддир ҳастанд ва дастовардҳо дар бахши мубориза бо мухаддарот пеш аз ҳама ба онҳо бастагӣ дорад.
Ба гуфтаи манбаъ, масъулони ожонс баргузории чунин семинарҳоро то поёни соли ҷорӣ барномарезӣ кардаанд.    

Поделиться новостью: