ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:50 | 28 октябр

Милитсияи Тоҷикистон ҷузъиёти қатли бераҳмонаи як зан дар Ваҳдатро ифшо кард

Дата: 11:41, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Милитсияи Тоҷикистон тафсилоти қатли бераҳмонаи як зан дар ноҳияи Ваҳдатро ифшо кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуъотии ВУД ҶТ, кормандони умури дохила ҷузъиёти қатли бераҳмонаи як занро, ки ҷасадаш 29 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат ёфт шуд, ифшо карданд.
Ба иттилоъи манбаъ, 29 сентябр дар канори роҳи ҷамоъати рустои Бурунови шаҳри Ваҳдат ҷасади дар оташ сӯзондашудаи зани тахминан 25-30-сола ёфт шуд.
Дар пайи бозрасиҳои амалиётиву тафтишотӣ сокини шаҳри Ваҳдат Баҳрулло Шарипови 31-сола, ки қаблан собиқаи кайфарӣ дошту маҳкум шуда буд, боздошт шуд.  
Мушаххас гардид, ки 18 сентябри соли ҷорӣ Б. Шарипов бо як ангезаи авбошона сокини Ваҳдат Хосияти Умароваи 29-соларо аз тариқи хафа (бӯғӣ) кардан кушт ва сипас, ҷасади занро оташ зад.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ин маврид ба асоси модаи 104 (қатл, одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва бозрасиҳо идома дорад.

Поделиться новостью: