ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:26 | 22 феврал

Мазнунони оташзани манзили овозхони мардуми Тоҷикистон боздошт шуданд

Дата: 16:02, 02-09-2014.


Душанбе. 2 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон чанд тан ба занни оташзанӣ ба манзили Сурайё Қосимова, овозхони мардумии кишвар боздошт шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТа рӯзи сешанбе.
Ба иттилоъи маркази матбуъотии ВУД ҶТ, “вазорати дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки мазнунон дар ҳодисаи сирқат ва ба оташ кашидани манзили овозхони мардумӣ Сурайё Қосимова дастгир шуданд”.  
Шаби 24-25 июли соли ҷорӣ чанд тан аз афроди номаълум ба манзили сокини шаҳри Кӯлоб Сурайё Қосимова даромаданд ва аз говсандуқ зару зеварҳои тилоӣ ва планшет, ки ҷамъан 24 ҳазор доллар баҳогузорӣ мешавад, ба сирқат бурданд.
Ба асоси бозрасиҳо, баъдан табаҳкорон ба ҳадафи аз байн бурдани изу пайашон манзили овозхонро ба оташ кашиданд, вале кормандони оташнишонӣ тавонистанд, молу мулки овозхонро аз доми оташ берун бикашанд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар пайи бозрасиҳои фаврии тафтишотӣ 4 нафар мазнун аз ҷумлаи сокинони шаҳри Кӯлоб – Муҳайё Қосимова, соли таваллудаш 1985, Матлуба Аҳророва, с.т. 1982, Ҷумъахон Аҳроров, с.т. 1987 ва Музайян Бекназаров, с.т. 1970 дастгир шуданд.
Бархе аз ашёҳои дуздишуда аз мазнунон дарёфт ва гирифта шуд. Нисбат ба ин чор нафар парвандаи ҷиноӣ боз гардида ва бозрасиҳо идома дорад.
Хотирнишон мекунем, ки Сурайё Қосимова дар Тоҷикистон овозхони номдор ва модари ситорагони мусиқии попи имрӯзи тоҷик – Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед аст.    

Поделиться новостью: