Хуросониёни осебдида аз офати табиъӣ кумаки СММ-ро дарёфт карданд

Дата: 12:46, 27-05-2020.

Сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар натиҷаи селоб осеб диданд, кумаки Сандуқи кӯдакон ва Барномаи ҷаҳонии амниятии Созмони милали муттаҳидро дарёфт карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи КВИ ва ДМ Тоҷикистон, ба мардуми Хуросон 15 тан орд, қурсҳои софкунандаи об ва ғайра ироа дода шуд.
Ҳамчунин, ба 67 хонаводаи рустои Чорбоғи ҷамоъати рустоии Садриддин Айнии ноҳияи Хуросон, ки хонаашонро сел вайрон кард, дар минтақаи амн қитъаҳои замин дарёфт карданд.

Поделиться новостью: