ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:08 | 28 октябр

Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров бори дигар соҳиби нишони тилло шуд

Дата: 19:42, 18-07-2014.

Душанбе.18 июл. ТоҷикТА – Нигинаи Азизмурод. Гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар ин даври мусобиқаи байналмиллалии «IAAF Hammer Throw Challenge» дар шаҳри Карлстади Шветсия соҳиби нишони тилло шуд,  хабар медиҳад  Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) рӯзи ҷумъа.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод.
Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 79,62 метр партофта ғолиби мусобиқа гашт. Марсел Ломнитский аз Словакия бо натиҷаи 77,93 метр соҳиби ҷои дуввум  гардид ва  Давид Седерберги фин бо рекорди шахсиаш 77,57 метр дар ҷои сеюм қарор гирифт.
То ба имрӯз бар асоси  ҳамаи натоиҷи  нишондодаи варзишгарон  Кристиан Парси маҷористонӣ , қаҳрамони олимпии соли 2012, бо 243,89 хол пешрави мусобиқот ба ҳисоб рафта, Дилшод Назаров  бо 240,48 хол дар ҷои дуввум аст. Ҳисоби умумӣ баъди ҷамъи се натиҷаи беҳтарин бароварда мешавад.
Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик дар ин мавсим дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ чунин натиҷаҳои беҳтарин нишон дод: дар Чехия 80 метру 62 сантиметр, дар пойтахти Венгрия, шаҳри Будапешт 80 метру 24 сантиметр ва ин дафъа дар Карлстади Шветсия гурзро ба масофаи  79 метру 62 сантиметр ҳаво дода,  дар ин мусобиқа соҳиби ҷои аввал гардид.  

Поделиться новостью: