Футболбозони Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона оъзими Минск шуданд

Дата: 11:24, 02-09-2014.


Душанбе. 2 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Футболбозони Тоҷикистон барои анҷоми бозии дӯстона бо тими Берарус ба Минск парвоз карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Ба иттилоъи дафтари матбуъотии федерасиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ), “тими миллии Тоҷикистон соъати 10-и субҳи имрӯз бо парвози вижа оъзими Минск шуд”.
Муҳсин Муҳаммадиев, сармураббии тими миллии тоҷик барои ин бозӣ 22 нафар футболбоз, яъне 8 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар, 2 дарвозабон ва 5 ҳуҷумгарро бо худ бурдааст. Дар ин ҳавопаймо теъдоди зиёди ҳаводорони тими миллӣ низ ба Минск парвоз карданд.
Хотирнишон мекунем, ки бозии дӯстонаи миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистон ва Беларус рӯзи 4 сентябр дар Борисовои ин кишвар баргузор мешавад.

Поделиться новостью: