ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:35 | 28 октябр

Футболбозони “Истиқлол”-и тоҷик ба «Шалке-04»-и олмонӣ бо ҳисоби 4 бар 5 бохтанд

Дата: 10:28, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Футболбозони бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе бозиро ба «Шалке-04»-и Олмон бо ҳисоби 4 бар 5 бохтанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, бозии дӯстонаи “Истиқлол” ва «Шалке-04» бо камтарин пирӯзии бошгоҳи футболи олмонӣ анҷом ёфт.
Ду бахши аслии бозӣ дар пайи голзаниҳои Ҷонас Ниетфелд аз «Шалке-04» ва Дилшод Восиев аз «Истиқлол» бо ҳисоби баробар - 1 бар 1 поён ёфт.
Вале дар тӯбзаниҳои пасазбозӣ олмониҳо дақиқтар буданд ва бо ҳисоби 5 бар 4 бозиро бурданд.
Бозӣ дар варзишгоҳи марказии ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, ки 20 ҳазор мухлиси футболро гирдиҳам овард.

Поделиться новостью: