ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 14:56 | 22 феврал

Футболбозони Беларус тими миллии Тоҷикистонро бо ҳисоби 6 бар 1 шикаст доданд

Дата: 10:36, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Футболбозони Беларус бар тими миллии Тоҷикистон бо ҳисоби 6:1 пирӯз шуданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи федерасиюни футболи Тоҷикистон (ФФТ),”бозии дӯстона миёни тимҳои миллии Беларус ва Тоҷикистон, ки шоми дирӯз дар варзишгоҳи “Борисов-Арена”-и Борисов баргузор шуд, бо бохти 6 бар 1-и футболбозони тоҷик анҷом ёфт”.
Ба иттилоъи манбаъ, дар 7-умин дақиқаи бозӣ Игор Стасевич аз тими мизбон ҳисобро боз кард ва дар дақиқаи 34-ум Фатҳулло Фатҳуллоев аз тими меҳмон ҳисобро баробар кард. Вале баъд аз танаффус мизбонон панҷ голи бидуни ҷавобро ба дарвозаи меҳмонон заданд.
Гурӯҳи ҳакамон аз Литва доварии мусобиқаро бар дӯш доштанд. Довари ФИФА Сергей Слива сардовари бозӣ буд ва дар хатт ҳамватанонаш Саулюс Дирда ва Владимир Герасимов ёварони ӯ буданд. Беларус Денис Шербаков вазифаи довар дар захираро бар уҳда дошт.
Хотирнишон мекунем, ки ин нахустин бозии дӯстонаи тимҳои миллии ҶТ ва ҶБ буд.
Дар ҳоли ҳозир дар ҷадвали ФИФА беларусҳо дар радаи 88 ва тоҷикҳо дар радаи 120 қарор доранд.  

Поделиться новостью: