ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 8:10 | 20 феврал

Э. Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар маросими рӯнамоии муассисаҳо ширкат кард

Дата: 13:26, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Э. Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт дар маросими рӯнамоии як иъдда муассисаҳо ширкат кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисиҷумҳури кишвар, “имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар маросими оғози баҳрабардорӣ аз поёнаи (терминал) гумрук, толори варзиш, мактаби ронандагон, маркази таъмири худравҳо ва чопхона ширкат кард”.
Ба иттилоъи манбаъ, ширкати “Фароз” барои сохтусози ин маҷмӯъа беш аз 100 миллион сомонӣ ($20 млн.) харҷ кардааст.
Тазаккур медиҳем, ки чопхонаи нав дар Тоҷикистон нахустин муассисаест, ки тавоноии тавлиди коғаз аз нахи панбаро (пахта) дорад.  
Ҳамчунин, Раҳмон зимни ширкат дар маросими рӯнамоии маҷмӯъаи нави тиҷоратии “Пойтахт-90”  гуфт, ки шаҳрдории Душанбе барои вуфури (фаровонӣ) бозорҳои пойтахт аз маводди ниёзи аввалия мусоъидат намояд ва нагузорад, ки нархҳо дар бозору дӯконҳо ба сурати маснӯъӣ боло равад.
Ӯ афзуд, ки соли 2005 дар шаҳри Душанбе дар соҳаи тиҷорат ва хадамот 27 тан соҳибкор фаъолият дошт ва ҳоло дар соли 2014 теъдоди онҳо то 36 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст.  

Поделиться новостью: