Э. Раҳмон дар маросими рӯнамоии маҷмӯъаи тиҷоратии «Пойтахт-90» ширкат мекунад

Дата: 10:56, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе дар маросими оғози баҳрабардорӣ аз маҷмӯъаи тиҷоратии (МТ) «Пойтахт-90», ки ба маблағи беш аз 40,5 миллион доллар бунёд шудааст, ширкат мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино бар гузориши шаҳрдории Душанбе, “куллан маҷмӯъаи тиҷоратии «Пойтахт-90», ки дар майдони якгектараи кӯчаи Сурхоб сохта шудааст, аз 70 мағоза, толори бозии кӯдакон, чандто қаҳвахона ва тарабхона иъборат аст”.
Пешбинӣ мешавад, ки дар ин маҷмӯъаи тиҷоратӣ 900 нафар кору шуғл пайдо мекунанд.
Суфоришгари ин МТ идораи сохтмони куллии шаҳрдории Душанбе буда, паймонкори он ширкати «Строй комплекс» аст. Шаҳрдорӣ барои бунёди ин маҷмӯъа 202 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, ки баробари 40 миллиону 520 ҳазор доллари ИМА аст, харҷ кардааст.
Сохтусози маҷмӯъаи тиҷоратии “Пойтахт-90” дар 2 сол ба анҷом расид.

Поделиться новостью: