ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:12 | 25 сентябр

Донишмандони Тоҷикистон ва Қирғизистон стратегияи баҳрабардории обҳои фаромарзиро омода мекунанд

Дата: 22:36, 29-08-2014.


Душанбе. 29 август.ТоҷикТА-- Татяна Болшакова. Ҳукумати Тоҷикистон ва Қирғизистон ба донишмандони кишварҳояшон дастур доданд, то барои таҳияи стратегияи баҳрабардорӣ аз обҳои фаромарзӣ пажӯҳишҳои заруриро анҷом диҳанд, хабар медиҳад Хабаргузории телегрофи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа.
«Ҳукумати Қирғизистон  ва Тоҷикистон ба Фарҳангистони улуми миллии Қирғизистон ва Фарҳангистони улуми Тоҷикистон тавсия доданд, то онҳо ҳамкориро дар заминаи идоракунии захоири фаромарзӣ дар Осиёи Марказӣ тавсеъа бахшанд», гуфта шудааст дар протоколи қабулшудаи ҷаласаи комиссиюни байниҳукуматии Қирғизистон ва Тоҷикистон ҷиҳати баррасии ҳамаҷонибаи масоили марбут ба ҳар ду кишвар.
Аз ҷумла, донишмандони Тоҷикистон ва Қирғизистон якҷоя стратегияи баҳрабардории обҳои фаромарзӣ дар кишварҳои кӯҳистонро пажӯҳиш ва таҳия карда, механизми иқтисодии идоракунии захоири фаромарзӣ дар Осиёи Марказиро меомӯзанд.
Дар назар аст,  қарордодҳо дар заминаи ҳамкориҳои дарозмуддат дар бахши зилзилашиносӣ барои ҳалли масоили умдаи илмӣ ва амалӣ (табодули иттилоъи илмӣ-техникӣ, роҳандозии ҳамоишҳои муштарак ва ғайра) ба имзо бирасанд.
Донишмандони ҳарду кишвар мақсад доранд, дар чаҳорчӯби тарҳҳои фаромарзӣ гиёҳҳои доруӣ  ва судбахши ҳар ду кишварро биёмӯзанд ва дар масъалаи кишту парвариши гиёҳҳои доруии дорои аҳамияти санъатӣ аз таҷрибаи ҳамдигар баҳра бигиранд.
Ҳамчунин онҳо ба гунаи муштарак масъалаи ҳифз ва беҳтар кардани  киштзору чарогоҳҳо (аз ҷумла, аз байн бурдани ноҳамоҳанги дарахту буттаҳо), таъсири ҷангал ба муҳити зист ва обу ҳаво, ҳашароти зараррасони дарахтон ва душманони табиъи онҳоро пажӯҳиш карда, барои парвариши дарахтон дар шароити гуногуни муҳити зист табодули таҷриба мекунанд.
Донишмандони ҳарду кишвар бояд ба эҷоди Шӯрои байнидавлатии ҳимояи поённомаҳо (рисолаҳои илмӣ) дар назди пажӯҳишгоҳи масоили об, энергетика ва муҳитзисти Фарҳангистони улуми Қирғизистон, пажӯҳишгоҳи масоили об, энергетика ва муҳитзисти Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷиҳати  ҳимояи рисолаи  илмии доктори (номзад) илм барои тахассусҳои «Гидрогеология» (илмҳои заминшиносиву коншиносӣ ва фаннӣ), «Заминшиносии муҳандисӣ, омӯзиши заминҳои яхбаста ва хокшиносӣ»(илмҳои заминшиносиву коншиносӣ ва фаннӣ) ва «Гидрологияи хушкӣ, захоири об ва гидрокимиё» (илмҳои фаннӣ ва ҷуғрофиёӣ) суръат бахшанд.    

Поделиться новостью: