ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:23 | 17 январ

Даргирии мусаллаҳона миёни марзбонони тоҷик ва шаҳрвандони қирғиз

Дата: 12:11, 11-08-2014.


Душанбе. 11 август. ТоҷикТА – Дар пайи даргирии мусаллаҳона миёни марзбонони Тоҷикистон ва се тан аз афроди мусаллаҳи Қирғизистон як тан аз шаҳрванди қирғиз кушта шуд, хабар медиҳад Хабаргузории телеграфи Қирғизистон.
“10 августи соли 2014 намояндаи марзбонони  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаи Ҷиргатол ба марзбонони қирғиз иттилоъ дод, ки 9 августи соли 2014 тахминан соати 5-у ним баъд аз зуҳр дар қаламрави Тоҷикистон дар маҳалли Тупакӯл (пиряхи Лайсу) миёни марзбонони тоҷик ва се тан аз афроди номаълуми мусаллаҳи аспсавор даргири мусаллаҳона ба вуҷуд омад, ки дар пайи ин, як шаҳрванд кушта шуд”, - иттилоъ доданд аз Хадамоти марзбонони ҶҚ рӯзи душанбе.
Ба асоси маълумоти ҷониби тоҷик, ду тан шаҳрванди дигари қирғиз боздошт шуда ва дар маҳалли даргирӣ туфанги карабини шикорӣ бо 8 дона тир, туфанги ТОЗ-8, 1 дона дурбини тавлиди хориҷӣ ва ду сар асп кашфу мусодира гардид.
Мушаххас шуд, ки ҳар се фард шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон буда, сокинони ноҳияи Чонолойи вилояти Ӯш ҳастанд.
10 август ҷасади шаҳрванди кушташудаи қирғиз ба марзбонони Қирғизистон ва баъдан барои анҷоми бозрасиҳои лозим ба ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ӯш супурда шуд.
Ду тан шаҳрванди дигари қирғиз дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷиргатол нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба асоси бозрасиҳои муқаддимотӣ, ин шаҳрвандони Қирғизистон дар қаламрави Тоҷикистон ба шикори ғайриқонунӣ машғул буданд.
Бинобар ин ҳодиса, бозрасиҳо идома дорад ва умури марбут ба бозгардондани шаҳрвандони қирғиз ба Қирғизистон оғоз шудааст.
Қарор аст, ба хотири баррасии сабаб ва ҳолоти ин рӯйдод имрӯз, 11 августи соли 2014 мулоқоти марзбонони масъули қитъаи Ӯши Қирғизистон ва қитъаи Ҷиргатоли Тоҷикистон баргузор шавад.  

Поделиться новостью: