ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:18 | 20 октябр

Дар Тоҷикистон корзори даъват ба артиш 50 дарсад анҷом ёфт

Дата: 13:39, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон корзори даъвати навсарбозон ба саффи артиш то 14 октябр, 50 дарсад анҷом шудааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар иттилоъи дафтари матбуъотии вазорати дифоъи ҶТ, нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба саффи нерӯҳои мусаллаҳ дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Шаҳринав, Дарвоз, Ишкошим, Балҷувон ва Носири Хусрав ба сурати комил иҷро шуд.
Ба иттилоъи манбаъ, дар шаҳру ноҳияҳои дигари кишвар, корзори даъвати навсарбозон ба саффи артиш ба асоси меъёр ва муқаррароти мавҷуд зери назари мақомоти маҳаллӣ баргузор мешавад.
Хотирнишон мекунем, ки бар пояи фармони раисиҷумҳури ҶТ, даъвати мавсими пойиз ба саффи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз 1 октябр то 30 ноябр идома меёбад.    

Поделиться новостью: