ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 7:22 | 20 феврал

Дар Тоҷикистон бо ёрии посбонон ҷиноёти ноболиғон ҳудуди 22 дарсад коҳиш ёфт

Дата: 16:18, 02-09-2014.


Душанбе. 2 сентябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон бо ёрии посбонони довталаб (дружинникҳо) сатҳи табаҳкорӣ коҳиш ёфт, мегузорад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Ба иттилоъи ВУД ҶТ, “ба муносибати рӯзи истиқлоли Тоҷикистон ахиран дар шаҳри Турсунзода саффороии мутантани посбонони довталаб, яъне ёварони ҷавони милитсия баргузор шуд. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории милитсия бо мардуми маҳал, ба вижа бо посбонон дар ҳафт моҳи ахири соли ҷорӣ табаҳкорӣ миёни ноболиғон 21, 7 дарсад коҳиш ёфт, аз ҷумла куштор ва қаллобӣ 12,7 дарсад ва дуздӣ 21,5 дарсад кам шуд”.  
Дар саффороӣ ба 250 тан сокини ҷавони шаҳр гувоҳиномаи посбони довталаб ва туҳфаҳо дода шуд.

Поделиться новостью: