ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:45 | 28 октябр

Дар Тоҷикистон барнома ва замони сохти садди НБО Роғунро таъйин мекунанд

Дата: 16:17, 14-10-2014.


Душанбе. 14 октябр. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон барнома ва замони сохти садди (банд) нерӯгоҳи барқи обии (НБО) Роғунро таъйин мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино бар таъйиди бахши энержии кишвар, ҳукумати Тоҷикистон танҳо пас аз баррасии ҷузъиёти тарҳ ва тасвиби он аз сӯи комиссиюни давлатӣ, дар заминаи сохтусози садди НБО Роғун тасмим мегирад.
Комиссиюни давлатӣ ҷузъиёти ҳамаи тавсияҳои Бонки ҷаҳониро дар чаҳорчӯби бозрасиҳои байналмилалии ин тарҳ мутолиъа мекунад ва баъдан ба ҳукумати ҶТ барнома ва муддатзамони сохти иҷрои тарҳи эҳдоси банди НБО Роғунро ироа менамояд.  
Хотирнишон мекунем, ки НБО Роғун бо зарфияти 13,1 миллиард кВт/соъат дар сол ба асоси тарҳ, дар 110 километрии шарқи Душанбе мавқеъият дорад. Бино бар тарҳ, баландии банди нерӯгоҳ 330 метр ва ҳаҷми обанбори он 13,3 миллиард метри мукаъаб аст.
Тавлиди солонаи нерӯи барқи ин нерӯгоҳ  дар оғози роҳандозии ду воҳид дастгоҳи мураккаб (агрегат) бо зарфияти 400 МВт бояд то 4 миллиард кВт/соъат бошад.

Поделиться новостью: