ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:18 | 28 октябр

Дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 25 ҷиноят содир шудааст

Дата: 17:45, 18-07-2014.

Душанбе.18 июл. ТоҷикТА – Татяна Болшакова. Дар Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилӣ 25 ҷиноят содир шудааст, хабар дод Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) рӯзи ҷумъа.
Дар ин бора Рамазон Раҳимзода, вазири дохилаи Тоҷикисон имрӯз дар як нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ӯ гуфт: “Ҳарчанд кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар кори хеш дастовардҳои  хубедоранд,, вале , мутаассифона, дар фаъолияти баъзе кормандони милитсия ҳанӯз  камбудӣ ҷой дорад. Аз ҷумла, дар давраи ҳисоботӣ 25 ҷиноят ва беш аз ҳазор ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби кормандони вазорати корҳои дохила сабт карда шудааст”. Ба гуфтаи ӯ, кормандони милитсия барои содир кардани чунин ҷиноятҳо, ба монанди қаллобӣ, сӯиистифода аз мансаб, порагирӣ ва мусоидат ба фоҳишагарӣ дастгир шуданд, ки онҳо  бо ин амалашон  шарафи милитсияро доғдор сохтанд.

Поделиться новостью: