Дар шимоли Тоҷикистон дар мактаб-интернати махсус барои хирабинон бинои нав боз шуд

Дата: 19:03, 03-09-2014.


Душанбе. 3 сентябр. ТоҷикТА – Нигинаи Азизмурод. Дар шимоли Тоҷикистон дар мактаб-интернати махсуси хирабинон бинои нав дарҳои худро барои кӯдаконе, ки заъфи биноӣ доранд, боз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино бар иттилоъи маъмурияти вилояти Суғд, “бо ёриву мусоъидати ҳукумати шаҳри Исфара, корхонаи шимии Исфара дар мактаб-интернати кӯдакони нобино бинои нави таълимӣ бунёд кард ва дар рӯзи Дониш ба баҳрабардорӣ супурд”.
Ба иттилоъи манбаъ, барои бунёди бинои нави омӯзишӣ, ки дорои кулли шароити таълиму тарбия барои 60 нафар донишомӯз аст, маблағи 600 ҳазор сомонӣ (баробари 120 ҳазор доллар) харҷ шудааст.
Хотирнишон мекунем, ки дар солҳои истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Исфара 82 муассисаи ниҳодҳои омӯзишу парвариш ба истифода дода шуд ва сохтусози 4 дабиристони дигар идома дорад.

Поделиться новостью: