ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 18:33 | 25 сентябр

Дар шимоли Тоҷикистон 26 сентябр ҷашн-озмуни анъанавии “Адрас ва атласи Хуҷанд-2014”-ро баргузор мекунанд

Дата: 15:10, 29-08-2014.


Душанбе. 29 август. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар шимоли Тоҷикистон 26 сентябр ҷашн-озмуни анъанавии “Адрас ва атласи Хуҷанд-2014”-ро баргузор мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи маъмурияти вилояти Суғд, “дар шимоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ ба ҷашн-озмуни анъанавии ин шаҳр “Адрас ва атласи Хуҷанд-2014” шурӯъ карданд”.
Ба иттилоъи манбаъ, ин озмун ба асоси қарори Раҷаббой Аҳмадзода, шаҳрдори Хуҷанд ба 20-умин солгарди Қонуни асоси ҶТ бахшида шудааст. Дар ин қарор асомии ҳайати кумитаи созмондеҳ,ки аз 16 нафар иъборатанд ва нақшаи ҷашн-озмун мушаххас шудааст.
Ба муассисот ва созмонҳои зирабт дастур дода шудааст,то барои ташвиқ ва таблиғи пӯшокҳои суннатии миллӣ тадобири мухталиф баргузор кунанд.

Поделиться новостью: