ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:40 | 24 феврал

Дар роҳҳои Душанбе рӯзҳои 30 август ва 1 сентябр ҳаракати нақлиёт маҳдуд мешавад

Дата: 13:48, 29-08-2014.


Душанбе. 29 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Душанбе дар бораи маҳдуд кардани ҳаракати васоили нақлия дар рӯзҳои 30 август ва 1 сентябр огоҳ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи бозрасии давлатии автомобили (БДА) ВУД Тоҷикистон, “30 август аз соъати 7-и субҳ ва бино бар зарурат дар идомаи рӯз, ҳаракати васоили нақлиёт дар чорроҳии Теҳрон-Шероз, хиёбонҳои Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Саъдии Шерозӣ, Сино, кӯчаҳои Гагарин, Пролетар, Хӯҷамбиёи поён, Карамов, Қаробоев, Шестопавлов ва Борбад то чорроҳии Абай маҳдуд мешавад”.
Ба идомаи иттилоъи манбаъ, 1 сентябр аз соъати 6:30-и субҳ ҳаракати нақлиёт дар мавориди зарурат дар чорроҳии Теҳрон-Шероз ва кӯчаи Теҳрон, хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи С. Носир маҳдуд мегардад.  

Поделиться новостью: