ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:23 | 17 январ

Дар Кӯлоб коллеҷи ВУД таъсис ёфт

Дата: 15:32, 11-08-2014.


Душанбе. 11 август. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар шаҳри Кӯлоб коллеҷи вазорати умури дохила (ВУД) таъсис дода шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Ба иттилоъи маркази матбуъотии ВУД ҶТ, коллеҷи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон барои омода кардани кормандони омӯзишдида ва ҳирфаӣ барои воҳидҳои махсуси умури дохилаи кишвар ихтисос ёфтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, ниҳоди омӯзишӣ бар пояи тасмими ҳукумати ҶТ таъсис ёфтааст.
Коллеҷи милитсия, ки дар бинои мактаби техникии шаҳри Кӯлоб ҷойгир шудааст, бо имконоту шароити лозима барои таҳсил ва истироҳат таъмин буда, хобгоҳ ҳам дорад.  
Ба коллеҷ бачаҳои ятим, фарзандони кормандони ҳалокшудаи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва нерӯҳои қудратии кишвар, ки дар хонаи бачагон, мактаб-интернатҳо ва мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ таҳсил мекунанд ва ҳамчунин, алоқамандоне, ки мактабҳои 9-сола ва 11-соларо хатм кардаанд, пазируфта мешаванд.  
Ба гуфтаи манбаъ, донишҷӯён дар ин коллеҷ асосҳои давлатдорӣ ва ҳуқуқ, забонҳои хориҷӣ, адабиёт ва дигар улуми иҷтимоъиро фаро мегиранд.
Ба донишҷӯён пас аз хатми коллеҷ рутбаи лейтенанти милитсия дода мешавад ва онҳо метавонанд дар воҳидҳои вижаи ВУД ба хидмат оғоз кунанд. Ҳамчунин, онҳо ҳаққ доранд, таҳсилашонро дар академияи ВУД ҶТ ва дигар ниҳодҳои олии омӯзишӣ ва парваришии кишвар идома бидиҳанд.

Поделиться новостью: