ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:51 | 22 феврал

Дар Ирон се навъи нави чархбол таҳия ва тавлид карданд

Дата: 18:40, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА – Дар Ҷумҳурии Исломии Ирон се навъи нави чархболҳои низомӣ иҷод карданд, гузориш медиҳад Хабаргузории телеграфи Ирон.
Масъулони ширкати “Панҳо”, ки корхонаи тавлидкунандаи чархбол аст, эълом кардаанд, ки ба таҳия ва тавлиди се модели ҷадиди болгарди (чархбол) иронӣ даст ёфтаанд.
Муҳаммадаълӣ Аҳмадободӣ, мудири оъмили ширкати “Панҳо” рӯзи гузашта дар ҷамъи хабарнигорон гуфтааст, ки ин навъи чархболҳо барои парвозҳои омӯзишӣ, умури наҷотгарӣ ва аҳдофи низомӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт. Ӯ афзудааст, ки ин болгардҳо барои 14 сарнишин иҷод шудааст.
Ҳамзамон Аҳмадободӣ таъкид кардааст, ки ин се навъи нави чархболҳо маҳсули пажӯҳишгарони иронӣ буда, бо истифода аз фанновариҳои махфикорӣ сохта шудаанд ва аз моделҳои радаргурези пинҳонкор ба шумор мераванд.
Ба гуфтаи ӯ, бинобар ин баъйид нест, ки ба аҳдофи низомӣ бо ҷангафзорҳои гуногун муҷаҳҳаз шаванд.

Поделиться новостью: