Дар Душанбе рӯзи шанбе ҷашни асал ва харбуза баргузор мешавад

Дата: 14:46, 29-08-2014.


Душанбе. 29 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Рӯзи шанбе дар Душанбе рӯзи асал ва харбузаро ҷашн мегиранд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи шаҳрдорӣ, “Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо дастгирӣ аз ибтикори вазорати кишоварзӣ тасмим гирифтааст, ки рӯзи шанбе, 30 август дар пойтахт ҷашни асал ва харбуза баргузор гардад”.
Ба иттилоъи манбаъ, ҷашни асал ва харбуза дар бозорҳои калони пойтхт – Шоҳмансур, Саховат, Қараболо ва Деҳқон 7-и субҳ оғоз шуда ва 6-и шом ба поён мерасад.
Бояд гуфт, ки бино бар анъана дар ин ҷашн анвоъи гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ низ бо нархи арзон барои мардум арза мешавад.

Поделиться новостью: