Дар Душанбе мавзӯъи омодагӣ ба ҷашни 600-солагии Ҷомӣ ва 100-солагии Шаҳидиро баррасӣ карданд

Дата: 19:01, 08-08-2014.


Душанбе. 8 август. ТоҷикТА—Татяна Болшакова. Дар Душанбе мавзӯъи  омодагӣ ба тадобири  ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100-солагии Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷараёни иҷрои нақшаи тадобир бахшида ба 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуло Рӯдакиро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи як манбаъ дар ҳукумати кишвар, ҷаласаи корӣ бо ширкати муовини нахуствазир Марҳабо Ҷабборӣ баргузор шуд.
Дар кори ҷаласа намояндагони дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури кишвар, вазоратҳои фарҳанг, молия, рушди иқтисод ва тиҷорат, Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва ҳамчунин, муовинони раиси вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб ва раиси Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ ширкат карданд.
Дар ҷаласа гузориши аъзои кумитаи созмондеҳ дар бораи омодагӣ ба тадобири бахшида ба ин санаҳои ҷашнӣ арзёбӣ гардид.
Таъкид шуд, ки роҳандозии чунин тадобир ба боло бурдани обрӯи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон ва парвариши насли ҷавон дар рӯҳи худшиносӣ ва муҳаббат  ба Ватан мусоидат мекунад.

Поделиться новостью: