Дар Душанбе хиёбони Айнӣ ба далели таъмири роҳ баста шудааст

Дата: 17:21, 11-08-2014.


Душанбе. 11 август. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар Душанбе хиёбони Айнӣ ба далели таъмиру тармими роҳ барои ҳаракати васоили нақлия баста шудааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Дар ин бора шаҳрдории Душанбе ба хабаргузорӣ чунин иттилоъ дод:
“Бо шурӯъ аз 4 август дар чаҳорчӯби омодагии пойтахт ба иҷлоси сарони СҲШ, умури таъмиру тармими роҳҳои пойтахт аз кохи раёсатҷумҳурии ҶТ то муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино дар чанд марҳала анҷом мешавад”.  
Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳоли ҳозир қитъаоти роҳ аз кохи раисиҷумҳур то музейи миллӣ баста шудааст.
Ҳамчунин, дар хиёбони Сомонӣ ва дигар маҳалҳо низ корҳои таъмири ҷузъӣ оғоз шудааст.
Ба гуфтаи шаҳрдорӣ, ҳамаи умури таъмиру тармими роҳҳои пойтахт дар 10-12 рӯзи оянда анҷом хоҳад ёфт.

Поделиться новостью: