Дар Душанбе 5 - 6 сентябр ҳаракати нақлиёт муваққатан маҳдуд мешавад

Дата: 14:55, 03-09-2014.


Душанбе. 3 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. 5 ва 6 сентябр ҳаракати васоили нақлия дар шаҳри Душанбе ба сурати муваққат маҳдуд мегардад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Ба иттилоъи бозрасии давлатии автомобили ВУД ҶТ, “аз ҷумла, аз соъати 7 то 8-и субҳи 5 сентябр ҳаракати васоили нақлия аз чорроҳии Рӯдакӣ-Шотемур дар хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Ҷалол Икромӣ, Шевченко, хиёбони С. Шерозӣ ва аз кӯчаи Неъмат Қаробоев то кӯчаи Ҷанубӣ маҳдуд мешавад”.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ин рӯз аз соъати 8 то 9-и субҳ ҳаракати васоили нақлия аз кӯчаи Ҷанубӣ ва Н. Қарабоев, хиёбонҳои С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Рӯдакӣ, кӯчаҳои Лоиқ Шералӣ, Турсунзода, Шарқ ва Меҳнат то МТ “Пойтахт-90” низ маҳдуд мегардад.
Манбаъ дар ВУД ҶТ афзуд, ки ҳамчунин, бегоҳӣ аз 5 то 6-и баъд аз зуҳр ҳаракат аз чорроҳии Рӯдакӣ-Шотемур то хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Айнӣ то маҳаллаи Ховарон низ маҳдуд мешавад.

Поделиться новостью: