ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:10 | 28 октябр

Дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе қариб 2 млн доллар ҷарима ситонда шуд

Дата: 18:33, 18-07-2014.

Душанбе.18 июл. ТоҷикТА – Нигинаи Азизмурод. Дар пойтахти  Тоҷикистон  аз аввали давраи татбиқи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” , ки 31 октябри соли 2013 оғоз гашта, то 1 июли соли равон  давом кард,  беш аз 13 млн сомонӣ (қариб 2 млн доллари ИМА) ҷарима ситонда шуд , иттилоъ дод Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА) рӯзи ҷумъа.
Имрӯз дар як нишасти матбуотӣ Рамазон Раҳимзода, вазири  корҳои дохилаи Тоҷикистон дар ин бора хабар дод.
Бино ба гуфтаи вазири корҳои дохилаи кишвар, дар 71 кӯчаву хиёбони пойтахт дастгоҳҳои назорати видеоӣ ҷой дода шудааст. Вай гуфт, ки барои ба таври мунтазам  вайрон муроот накардани қоидаҳои ҳаракати роҳ дар шаҳр, ба асоси сабтҳои дастгоҳҳои назорати видеоӣ  11 корманди Вазорати корҳои дохилӣ аз сафи милитсия барканор ва 2 нафар аз мансаб  сабукдӯш шуданд.

Поделиться новостью: