ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 17:15 | 05 декабр

Дар Бишкек Тоҷикистону Қирғизистон ҷанбаҳои ҳамкориҳои наздимарзӣ ва захоири обро баррасӣ мекунанд

Дата: 14:49, 29-08-2014.


Душанбе. 29 август. ТоҷикТА -Татяна Болшакова. Имрӯз дар ҷаласаи 13- уми комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориҳои наздимарзӣ ва истифодаи оқилонаи захоири обро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад Хабаргузории телегрофи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа.  
« Ҷаласаи навбатии 13- уми комиссиюни байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати ба гунаи маҷмӯи баррасӣ кардани масоили марбут ба ҳар ду кишвар имрӯз, 28 август  дар иқоматгоҳи давлатии «Ала - Арча» сурат мегирад», иттилоъ медиҳанд расонаҳои Қирғизистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷаласа зери раҳбарии муовини сарвазири Қирғизистон Абдираҳмон Маматалиев ва муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим мегузарад.
Дар ин тадобир аъзои  комиссиюни Қирғизистону Тоҷикистон, раҳбарон ва кормандони масъули вазорату идораҳо ва ҳамчунин сарварони корхонаҳои санъатӣ  ширкат мекунанд.  
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи котибони масъули комиссиюн дар бораи иҷрои муқаррароти протоколи ҷаласаи 12 -уми комиссиюни байниҳукуматии Қирғизистону Тоҷикистон ҷиҳати ба гунаи маҷмӯӣ баррасӣ кардани масоили дуҷониба, ки 17 майи соли 2013 дар Душанбе ба имзо расид, шунида ба инобат гирифта хоҳанд шуд.
Ҳамчунин масоили марбут ба вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ байни ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар бахшҳои саноат ва энергетика, кишоварзӣ ва ҳамлу нақл, илм ва маориф, фарҳанг ва иттилоъот баррасӣ мегарданд.

Поделиться новостью: