ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 18:52 | 25 сентябр

Дар ҳайати тими тоҷик дар мусобиқоти куштии чаҳон дар Тошканд шаш варзишгар ширкат мекунад

Дата: 15:56, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар ҳайати тими тоҷик дар мусобиқоти куштии ҷаҳон дар Тошканд 6 тан аз варзишкорони кишвар ширкат мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба иттилоъи муассисаи варзиши ҶТ, дар ояндаи наздик аъзои ҳайат мушаххас мешавад, вале интизор меравад, ки куштигирон Тоҷиддин Хоҷаев (65 кг), Залимхан Юсупов (70 кг), Гамид Ҷалилов (74 кг), Салим Хоҷаев (86 кг), Искандари Рустам (97 кг), Фарҳод Анақулов (125 кг) аз аъзои ҳайат хоҳанд буд.
Дар ҳоли ҳозир, куштигирони тоҷик ба оғози муҳимтарин мавсими қаҳрамонӣ – мусобиқаи куштии ҷаҳон, ки аз 8 то 14 сентябр дар шаҳи Тошканд баргузор мешавад, омодагии ҳамаҷониба мегиранд.
Дар пойтахти Ӯзбекистон яке аз муҳимтарин талошҳои паҳлавонии ин мавсим - мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар миёни варзишкорони куштии фарангӣ, куштии озод ва куштии занон баргузор мешавад. Барои касби унвони ҷаҳонпаҳлавонӣ 800 куштигири болиғ аз 90 кишвари ҷаҳон ба Тошканд меоянд. Дар ҷамъи онҳо беш аз бист тан аз қаҳрамонони собиқ ва кунунии ҷаҳон ҳастанд, ки тайи 7 рӯз дар 24 радаи вазн ва дар се усули куштӣ бо рақибонашон ҳарбу зарб мекунанд.

Поделиться новостью: