ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:47 | 20 октябр

Дар ҷадвали нави баҳогузории Федератсияи футболи ҷаҳон (ФИФА) тими Тоҷикистон ду зина боло рафт

Дата: 10:47, 18-07-2014.

Душанбе.18 июл. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар ҷадвали нави баҳогузории Федератсияи футболи ҷаҳонӣ (ФИФА) тими Тоҷикистон ду зина боло рафт, иттилоъ дод  Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон (ТоҷикТА).
“Дастаи яккачини Тоҷикистон дар феҳристи нави баҳогузории Федератсияи футболи ҷаҳонӣ (ФИФА), ки имрӯз, 17 июл дар сомонаи расмии Федератсияи байналмиллалии футбол чоп шуд, тими Тоҷикистон дар зинаи 124 ҷарор гирифт”,  хабар медиҳанд аз дафтари матбуоти  Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилоъи манбаъ,  тими Тоҷикистон  232 хол ба даст овардааст. .
Ҳамчунин бояд қайд кард, ки тими Олмон, ки қаҳрамони  Ҷоми ҷаҳони соли 2014 дар Бразилия шуд, дар сархати ин ҷадвал қарор гирифт. Русия дар рӯйхат аз зинаи 19 ба ҷои 23 поин омад. Ҳамчунин дастаҳои яккачини Испания ва Бразилия ҷойҳои намоёни хешро аз даст доданд.
Феҳристи  ФИФА ҳар моҳ дар асоси натиҷаҳои бадастовардаи тимҳои миллӣ дар арсаи байналмиллалӣ тартиб дода мешавад.

Поделиться новостью: