ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:17 | 30 сентябр

Чаҳор куштигири дзюдои Тоҷикистон аз идомаи мубориза дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон маҳрум шуданд

Дата: 17:45, 28-08-2014.


Душанбе.28 август. ТоҷикТА-- Нигинаи Азизмурод. Чаҳор куштигири дзюдо(ҷуду) аз идомаи мубориза лар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Челябинск маҳрум шуданд, хабар медиҳад Хабаргузории телегрофи Тоҷикистон.
Ба иттилоъи дафтари матбуъоти кумитаи миллии олимпики Тоҷикистон, “аз 9 куштигири Тоҷикистон чаҳор нафарашон аз ҳаққи идомаи мубориза барои ба даст овардани нишонҳо дар мусобиқоти қаҳрамонӣ маҳрум гардиданд».  
Бар пояи иттилои манбаъ, рӯзҳои 25-27 август дар мусобиқа Кабатулло Аминов (60 кг), Расул Абдушарипов (66 кг), Самандар Қаландаров (66 кг) ва  Саидмухтор Расулов (73 кг) ширкат карданд. Аминов дар набарди аввал Филлип Китадаларо (Бразилия) мағлуб кард, вале дар бозии дуюм  аз Мингу Йену Тсаи (Тайпейи Чин) шикаст хӯрд. Абдушарипов, Каландаров ва  Расулов дар худи бозии аввал мувофиқан аз  Давид Газарян (Арманистон), Себастян Сеидл (Олмон) и Энрико Парлати (Италия) мағлуб шуданд.
Ҳамагӣ дар ҳайъати дастаи Тоҷикистон 9 куштигир ҳуқуқи дар мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карданро ба даст оварда буданд. Дар ин мусобиқа ба ҷуз варзишгарони номбурда, ҳамчунин Фарҳод Раҳимов (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг), Саидҷалол Саидов (90 кг), Дадохон Қурбоналиев (100 кг) ва  Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (+100 кг)  ширкат доранд.
Рақибони варзишгарони дигари Тоҷикистон инҳо ҳастанд: -81 кг: Фарҳод Раҳимов - Валерий Думиника (Молдова), -90 кг: Саидҷалол Саидов - Ҷуан Ромеро (Уругвай), Комроншоҳи Устопириён - Доменик Вензингер (Швейтсария), -100 кг: Дадохон Қурбоналиев - Дмитро Березний (Украина), +100 кг: Муҳаммадмурод Абдураҳмонов - Андре Брейбарт (Олмон).
Тибқи иттилои манбаъ, дар Челябинск барои ба даст овардани унвони беҳтарин куштигирони дзюдои (ҷуду) ҷаҳон беш аз 700 варзишгари 110 кишвар зӯрозмоӣ мекунанд.
Дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ варзишгарон барои ба даст овардани 14 маҷмӯи  нишонҳо дар зӯрозмоиҳои инфиродӣ  байни мардону занон (7 нишон барои мардон ва 7 нишон барои занон) ва ду маҷмӯъи нишон барои мусобиқоти дастаӣ талош хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки пас аз се рӯзи мусобиқа дар Челябинск дар ҳисоби дастаӣ поягузорони куштии ҷуду ҷопонҳо бо чаҳор нишони тилло ва як нишони биринҷӣ пешсаф ҳастанд. Палаҳои баъдиро  мувофиқан дастаҳои Муғулистон, варзишгароне, ки зери парчами Федератсиюни байналмилалии ҷуду ширкат мекунанд  ва дастаи Русия дар даст доранд.  

Поделиться новостью: